Муҳаммади Исломӣ-раиси Созмони энержии атомии Эрон дар гуфтугӯ бо шабакаи телевизиюнии Алҷазира,илтизоми Амрико ва дигар тарафҳои ғарбӣ ба тавофуқи ҳастаиро лозимаи таъаҳҳуди комили Эрон донист ва гуфт, ки фақат дар сӯрати рафъи комили таҳримҳо Эрон ба ҳамаи мафоди тавофуқи ҳастаӣ пойбанд хоҳад буд . Исломӣ дар посух ба таҳдидҳои режими ишғолгари Қудс низ афзуд: Бо ҳадаф қарор додани таъсисоти ҳастаӣ ё таҳримҳо наметавон барномаи ҳастаии Эронро мутаваққиф кард, ҳадаф қарор додани таъсисоти ҳастаии Эрон бефоида аст ва бо посухи қотеъу вайронгар мувоҷеҳ хоҳад шуд.
Раиси Созмони энержии атомии Эрон таъкид кард: Исроил медонад, ки таҳдидҳояш дар заминаи ҳамла ба таъсисоти ҳастаии Эрон беасос ва хориҷ аз тавонаш аст.
Раиси созмони энержии атомии Эрон дар бора ҳаллу фасли масоили боқимонда дар иртибот бо Ожонси байналмилалии энержии атомӣ низ гуфт, ки соли ҷории милодӣ, соли поёни " ҳаёҳӯҳои сиёсӣ " дар иртибот бо барномаи ҳастаии Эрон хоҳад буд.
342/